Маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. Бахши илмҳои педагогӣ ва психологӣ» таҳқиқотҳои асили илмиро дар самти илмҳои педагогӣ ва психологӣ ба нашр мерасонад.

Мавзуъҳои асосӣ:

Илмҳои педагогӣ: педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, назария ва методикаи таълим ва тарбия, методология ва технологияи таҳсилоти касбӣ.

Илмҳои психологӣ: психологияи умумӣ, психологияи шахс, таърихи психология, психологияи педагогӣ, психологияи синнусолӣ.