Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки ба идораи маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. Бахши илмҳои педагогӣ ва психологӣ» ворид мешаванд, ба таври ҳатмӣ аз ташхиси мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешаванд.

Дастнависи мақолаҳои илмии ба идораи маҷалла воридгардида нахуст аз тарафи котиби масъул бо мақсади мутобиқат бо самтҳои мавзуии маҷалла ва талаботи муқарраршуда ба таҳияи мақолаҳои илмӣ («Қоидаҳои таҳияи мақолаҳо») аз назар гузаронида мешавад. Ҳангоми ба талаботи мавҷуда ҷавобгӯй набудан дастнависи мақола пеш аз ба тақриздиҳӣ супоридан барои бартараф кардани номувофиқатиҳои ҷойдошта ба муаллиф баргардонида мешавад. Пас аз ташхиси пешакӣ дастнависи мақолаҳо барои тақризнависӣ ба дасти муқарриз супорида мешавад.

Барои навиштани тақриз аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла ва ҳангоми зарурат дигар олимону мутахассисон, ки дар самти илмии таҳқиқоти мавриди назар таҷрибаи кофӣ доранд, ҷалб карда мешаванд. Муҳлати тақриздиҳӣ ба мақолаҳои воридшуда аз ду ҳафта то як моҳро фаро мегирад. Ҳаҷми тақриз на камтар аз як саҳифаро ташкил медиҳад.

Тақриз бояд таҳлили коршиносонаи матни мақола ва баҳодиҳии холисонаи он, аз ҷумла мубрамият, навоварии илмӣ ва аҳамияти амалии онро дар бар гирад. Муқарриз ба идораи маҷалла баҳодиҳии илман асосноки дастнависро бо тавсияҳои ба нашр расонидан бидуни тағйирот, такмил додан ё рад кардани мақола пешниҳод мекунад. Дар ҳолати ба мақола додани тақризи мусбат он барои чоп қабулшуда ҳисобида мешавад.

Агар дар тақриз тавсия барои такмил додани дастнависи мақола мавҷуд бошад, дар ин сурат мақола бо қайдҳои муқарриз барои коркард баргардонида мешавад. Муаллиф бояд ҳамаи эродҳоро дар варианти ниҳоии дастнавис бартараф намояд ё онҳоро қисман ё пурра бо далелҳои муътамад рад намуда, матни ислоҳшударо бо нишон додани такмилу иловаҳо ҳамроҳи нусхаи пештарааш ба идораи маҷалла аз нав пешниҳод намояд. Баъд аз такмил додани мақола такроран ба он тақриз навишта мешавад ва идораи маҷалла оид ба нашри он қарор қабул мекунад.

Тартиби интишори мақолаҳо бар асоси санаи воридшавии варианти ниҳоии онҳо муайян карда мешавад. Мақолаҳое, ки ба масъалаҳои бисёр муҳими илмӣ мепардозанд ва ҳамчунин дорои иттилооти комилан нав ҳастанд, метавонанд бо тасмими ҳайати таҳририя бенавбат мунташир шаванд.

Муаллифони мақолаҳое, ки муқарризон барои чопи онҳо тавсия надодаанд, дар давоми 10 рӯзи пас аз дарёфти тақризи манфӣ огоҳ карда мешаванд. Мақолаҳои бо тавсияи муқарризон радшуда маротибаи дигар барои баррасӣ пазируфта намешаванд.

Тақризнависии дастнависҳо ба таври махфӣ амалӣ карда мешавад. Ба муқарризон нусхабардорӣ кардани дастнависҳо барои эҳтиёҷи худ иҷозат дода намешавад. Муқарризон ва кормандони идораи маҷалла то замони ба нашр расидани дастнависҳо ҳуқуқи истифода бурдани маълумоти дар онҳо ҷойдоштаро барои манфиатҳои шахсии худ надоранд.

Тақризҳо дар идораи маҷалла дар давоми 5 сол нигоҳ дошта мешаванд. Идораи маҷалла ҳангоми ворид гардидани дархости дахлдор уҳдадор мешавад, ки нусхаи тақризҳоро ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия пешниҳод намояд.